Фишор бар рӯйи бинии НАТО: асрори ҷазираи Змейний

Нерӯҳои украинӣ бо сарварии мушовирони амрикоӣ талош карданд, Змейнийро ишғол кунанд, аммо бинобар маҳорати баланди низомиёни рус ин нақша барбод рафт
Sputnik
Аҳамияти оперативӣ ва стратегии Змейнийро арзёбӣ кардан душвор аст. Ҷазира 35 километр аз лаби дарёи Дунай, 48 километр аз наздиктарин нуқтаиаҳолинишини вилояти Одесса ва 180 километр аз Қрим дуртар воқеъ аст. Ин қитъаи хурди замин (тақрибан 600x600 метр) ба шумо имкон медиҳад, ки қисми шимолу ғарбии баҳри Сиёҳ, инчунин аз Руминия ба Украина интиқоли бор (силоҳ) тавассути об ва ҳаворо боэътимод назорат кунед.
Дар арафаи 9 май ба стратегҳои Вашингтон, Брюссел ва Лондон аз қӯшунхои рус "озод кардан"-и ҷазира ба мақсад мувофиқ менамуд. Албатта, барои нерӯҳои Украина.
ВУХ-и Русия: НАТО тамоми корро анҷом медиҳад, то дар Украина ҷанг идома ёбад
Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, ки аз суханони ӯ РИА “Новости” низ истинод мекунад, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз тарҳи расонаҳои худкуш лаб во кардааст. Аммо президент Владимир Зеленский шахсан фармон дод, ки амалиёти фуруди чатрбозон ба Змейний анҷом шавад.
Замоне артиши рус барномаҳои стратегҳои Ғарб дар хусуси ин ҷазираро ба "бозӣ кашиданд". Онҳо вонамуд мекарданд, ки аз Змейний бидуни мудофиа мегузоранд. Ва ин оғози нокомии саркӯбкунандаи амалиёти десантии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО буд.
Ҳангоми кӯшишҳои бефоида барои забт кардани ин ҷазира дар рӯзҳои 7-10 май дар осмон ва дар баҳр, дар наздикии ҷазираи Змейний нерӯҳои мусаллаҳи Русия се ҳавопаймои бомбаандози “Су-24”, як ҷангандаи “Су-27”, як чархболи ҳамлавари “Ми-24”-ро нобуд карданд. Чархболҳои чандманзураи “Ми-8” ва се киштии зиреҳпӯши лоиҳаи 58181 "Кентавр" бо нерӯи десантии он - беш аз 100 низомии воҳидҳои элитаи қувваҳои мусаллаҳи Украина кушта шуданд.
Рӯзи 8 май дар наздикии Одесса як корвети украинии "Молня", ки қодир ба интиқоли чаҳор мушаки зидди киштӣ буд, бо силоҳҳои дақиқзан ғарқ карда шуд.
Системаҳои дифои ҳавоии Русия 30 ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро дар минтақаи Змейное, аз ҷумла 9 ҳавопаймои бидуни сарнишини сохти Туркия “Bayraktar-TB2”-ро сарнагун карданд.
Сафири Украина мардуми Олмонро боз ба ғазаб овард
Режими Киев ҳамчунин шаш чархболи “Ми-8” ва “Ми-24”-ро дар замин, дар наздикии шаҳраки Арсизи вилояти Одесса аз даст дод.
Дар роҳ ҳамлаи мушакӣ аз Қрим фурудгоҳи Червоноглинское (наздикии Измайл)-ро хароб кард.

Татбиқи барнома

Эпизоди ҷанги рӯзҳои 7-10 май дар наздикии ҷазираи Змейний, бешубҳа, ба китобҳои дарсии таълимӣ оид ба тактика ва таърихи нерӯҳои махсуси Русия дохил карда мешавад.
Нокомии амалиёти десантии қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҳифзи мавқеъҳои оперативӣ-стратегии (бартариҳои) нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар қисмати шимолу ғарби баҳри Сиёҳ як торсакии ҷиддие рӯйи "шарикон" аз НАТО аст.
Дар хотир доред, ки фишори аввалин ва охирин нест. Қаблан гарнизони Змейнии Украина бидуни муқовимат ба нерӯҳои Русия таслим шуда буд ва раисҷумҳур Владимир Зеленский "қаҳрамонон"-и ӯро пас аз марг мукофот дод.
Бо вуҷуди талафоти даҳшатноки қувваҳои мусаллаҳи Украина забти ҷазираро Киев ва Ғарб муҳимтарин "ғалаба" медонанд, ки қодир ба кушодани транзити дарёии силоҳ, маводи сӯхт ва маводи молиданӣ аз Руминия ба Украина (таҳти назорат) аст. Пас дар ин ҷо ҷанг идома хоҳад ёфт.
Шойгу гуфт, ҳар нақлиёти НАТО бо силоҳ барои Украина метавонад ҳадафи зарба бошад
Аз тарафи дигар, Русия дар самти ҷануб қувваҳои бузургро ҷамъ мекунад ва дар оянда ҷазира дар ҷангҳои дар пешистода барои Николаев ва Одесса нақши муҳим хоҳад дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба Одесса нерӯҳои Русия фаъолияти ҷангии худро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, ҳамарӯза дар хатти ҷабҳа ва дар тамоми умқи ақибгоҳи амалиётии нерӯҳои украинӣ садҳо зарба мезананд.
Аз оғози амалиёти махсуси низомии Федератсияи Русия 164 ҳавопаймои украинӣ, 125 чархбол, 807 ҳавопаймои бесарнишин, 302 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 2998 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 360 мушакандози чандманзура, 1455 тӯпхонаи саҳроӣ, хумпораандоз, инчунин 2808 адад техникаи махсуси низомии ҚМУ нест карда шуд.
Ин маънои онро дорад, ки тақрибан тамоми техникаи низомии артиши Украина ба хок супурда шудааст.
Теъдоди низомиёни кушташуда дар қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ГМУ даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Режими Киев танҳо аз ҷониби ИМА ва НАТО, бо нобудсозии босуръати захираҳои сафарбаркунии Украина муттаҳид мешавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин: Миллатгароён дар "Азовстал" мехоҳанд, бо силоҳ ба Туркия истирдод шаванд
Дар ин замина Конгресси ИМА ба режими Киев ба маблағи 40 миллиард доллар кумаки иловагӣ ихтисос ва сафири нави Амрико дар Украина Бридҷет Бринк ваъда дод, ки ҳама корро анҷом диҳад, то амалиёти вижаи Русия "шикасти стратегӣ" шавад.
Дар ҳамин ҳол Аврил Ҳейнс, раиси Идораи истихбороти миллии Иёлоти Муттаҳида гуфт, дурнамои муваффақонаи музокироти Русия ва Украинаро дар ояндаи наздик намебинад. Ва иттилооти иктишофӣ ба воқеият наздиктар аст - режими лухтакмонанди Киев қодир ба музокира нест, замони музокирот мисли тамоми таърихи бемуваффақияти 30-солаи Украинаи зидди Русия як чизи гузашта аст.
Амалиёти вижаи низомии Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, тибқи нақша, бидуни маҳдудият дар захираҳо, вақт ва фазои ҷуғрофӣ идома дорад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.