Мушовири Ғанӣ: Кош толибон ба ҷойи ҳиҷоби занон ба фикри шиками гуруснаи кӯдакон мебуданд

Мушовири пешини Ашраф Ғанӣ ба иҷборӣ шудани ҳиҷоби занон вокуниш нишон дода гуфт, кош толибон ба ҷойи ҳиҷоб дар фикри сер кардани кӯдакони гурусна мебуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Зиёулҳақ Амирхиёл, мушовири собиқи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон ахиран дар "Твиттер" навишт: "Масъулини амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон имрӯз дар шаҳр мутарҳоро баррасӣ мекарданд, ки оё хонумҳо ҳиҷобро риоя кардаанд ё на, оё маҳрам ҳамроҳашон ҳаст ё хайр?"
Аммо вай гуфтааст, ки чӣ толибон ҳиҷоб бигӯянд ё нагӯянд, ҷомеаи Афғонистон мусалмон аст. Аммо Амархиёл мехоҳад, толибон аз ин занҳо бипурсанд, ки кӯдакони ятимонашон ғизои кофӣ доранд ё фарзандонашон ба мактаб мераванд ё на.
Дар ҳамин ҳол дар як фармони ҷадиди Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари толибон омадааст, ки занони болиғ бояд ҳиҷоб пӯшанд ва дар сурати напӯшидани ҳиҷоб волидонашон муҷозот ва зиндонӣ хоҳанд шуд.
Амруллоҳ Солеҳ: Муқовимат ба зудӣ дар саросари Афғонистон густариш меёбад
Дар ин фармон омадааст, ки дар қадами аввал ба хонаи зани беҳиҷоб намояндаи ин вазорат рафта насиҳат мекунад.
“Дар марҳилаи дуюм васӣ ба шуъбаи дахлдор ва дар марҳилаи сеюм наздикон ба муддати се рӯз маҳкама мешавад. Дар марҳилаи чорум наздикон ба додгоҳ супорида шуда, ҷазои дахлдор мегиранд”, - гуфтаанд дар вазорат.
Толибон дар ҳоле занонро маҷбур кардаанд, ҳиҷоб пӯшанд, ки мардуми Афғонистон рӯз то рӯз фақиртар ва гуруснатар мешаванд.