Бонки марказии Амрико таҳдиди аслӣ ба низоми молии ҷаҳониро гуфт

Хабаргузории амрикоии ABC "News" иттилоъ додааст, ки ҷанг дар Украина яке аз таҳдидҳои аслӣ ба низоми молии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Бонки марказии Амрико буҳрони Украина ва болоравии таваррумро ҷиддитарин таҳдид ба низоми молии ҷаҳонӣ медонад, иттилоъ додааст хабаргузории ABC "News".
"Бонки марказии Амрико дигар пандемияи коронавирусро таҳдиди бузургтарин намедонад. Ҷойи онро ҷанги Украина ва таварруми рекордӣ иваз кард", - менависад нашрия.
Тавре танзимгари амрикоӣ қайд кардааст, маҳз ҳодисаҳои Украина ҳолати номуайянӣ дар иқтисодро афзоиш додааст.

“Агар ҳолатҳои минбаъдаи номатлуб ба таваррум ва меъёри фоизҳо, хусусан коҳиши фаъолияти иқтисодӣ ҳамроҳ шаванд, метавонанд ба низоми молӣ таъсири манфӣ расонанд”, - қайд кардааст манбаъ.

Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ғйринизомисозӣ ва нозизудоии Украина Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод.
Коршинос: Саркашӣ аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нархҳо дар Аврупо мешавад
Иқдомҳои маҳдуднамоӣ пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти технологӣ нигаронида шудаанд. Аксари кишварҳо аз мунҷамид кардани дороиҳои Русия хабар доданд. Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо зиёд шуданд. Аммо ҳамаи иқдомҳои пешгирифта ба худи кишварҳои Ғарб ба мушкилоти иктисодӣ табдил ёфта, боиси баланд шудани нархи сузишворӣ ва озуқа гардиданд.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид. Тавре президент Владимир Путин қайд кард, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд ва ҳадафи аслии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.