Хурду калон дар як саф: иштироки фаъоли тоҷикон дар “Ҳанги ҷовидон”-и Маскав - видео

Ҳудуди 40 нафар аз тоҷикистониёни муқими Маскав ба раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” пайвастанд: дар он ҷо миёни калонсолон ҷавонону наврасони тоҷик низ дида мешуданд
Sputnik
Ҷамъиятҳои тоҷикон дар раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон”-и шаҳри Маскав бо тарзи фаъол ширкат варзиданд.
Ба ин раҳпаймоӣ ҳудуди 40 нафар аз тоҷикони муқими Маскав ҳамроҳ шуданд.
Дар видеои Sputnik Тоҷикистон дида мешавад, ки дар қатори калонсолон наврасону ҷавонон низ дар ин раҳпаймоӣ ширкат мекунанд.
Иштироки тоҷикон дар “Ҳанги ҷовидон”-и Маскав
Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар назди метрои “Белорусская” ҷамъ омада ба тарафи майдони Сурх ҳаракат карданд.
Ҳамзамон дар боғи фарҳангии Маскави ба номи Максим Горкий дидори куҳнасарбозони тоҷик ва афсарони собиқи дивизияи 201-уми артиши Русия баргузор шуд.
Масан: Тоҷикону русҳо корнамоиҳои сарбозонро дар ҶБВ ҳамеша зинда нигоҳ медоранд
Дар ин дидор намоишҳои консертӣ аз ҷониби Маркази фарҳангии тоҷикон, тақдими ҷоизаҳо, хӯроки сарбозӣ, намоиши аксҳо ва нигораҳо сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” дар 88 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.