ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Таҷлили рӯзи Ғалаба аз Суғд аз гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги ватанӣ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
Баробари садҳо нафар намояндагони аҳли зиё, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва насли наврас дар маросими таҷлили солгарди Ғалаба раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов иштирок карда, кӯҳансарбозонро шодбош гуфтанд.
Аҳмадзода дар маросими ҷашнӣ гуфт, мардуми Тоҷикистон Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ таҷлил мекунад.
Вай таъкид намуд, ки ин ибрати нек барои насли оянда мебошад.
"Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки бо баҳои ҷони худ инсониятро наҷот бахшидаанд, чун корнамоиҳои аҷдоди диловарамон, ба монанди Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Восеъ ҷовидон мемонад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои раиси Суғд, феълан дар вилоят 18 нафар собиқадори ҷанг ва 123 коргари ақибгоҳ, ки барои ба даст овардани Ғалаба ҳиссаи арзишманд гузоштанд, дар қайди ҳаёт мебошанд, ки ҳодиву раҳнамо ва дуогӯйанд.
Дар мавриди бо ғамхорӣ ва кумаки молию тиббӣ фаро гирифта шудани собиқадорони ҷангу меҳнат зикр гардид, ки соли равон аз буҷаи вилоят барои қадршиносии 18 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ 108 ҳазор сомонӣ - 6 ҳазор сомонӣ барои 1 нафар ҷудо гардид.
Инчунин барои 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаву соҳиби медалҳо гардидаанд, 369 ҳазор сомонӣ - 3 ҳазор сомонӣ барои 1 нафар тақдим шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки 77-умин солгарди Ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард. Соли гузашта дар Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон 94 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудаст.