ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Як коршиноси сиёсӣ ва шореҳи рӯзномаи "The Hill" гуфтааст, ки таҳримҳои Ғарб ҳадафи тахриби иқтисоди Русия аст, аммо ин як шамшери дудама аст.
Ба бовари ӯ, кишварҳое, ки алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, низ бохтанд.
"Дар маҷмуъ Ғарб ба дом афтодааст. Таҳримҳо ва бӯҳрони Украина ба боло рафтани нархи ҷаҳонии ашёи хом ва энержӣ мусоидат мекунанд ва ба ин васила даромади Маскавро афзоиш медиҳанд, ҳатто аз ҳисоби коҳиши содироти энержӣ", - гуфтаст ӯ.
Дар он илова карда мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни вай бо афзоиши инфлясия ва дар натиҷа бо мушкилоти сиёсӣ дучор меоянд.
Бар хилофи таҳримҳо, қурби рубл боло рафтаву қавӣ мешавад, дар ҳоле ки йени Ҷопон 20% поин рафт, гуфта мешавад дар гузориш.
“Русия як кишвари дорои захираҳои бузурги табиӣ аст ва дар ҳар шароит ҳамеша дар бозори ҷаҳонӣ бартарӣ хоҳад дошт", - таъкид мешавад дар ин нашрия.
Муаллиф кишварҳои фақирро дар таҳримҳои зидди Русия, ки болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ барои онҳо хеле ҳассос аст ва ба бесуботӣ таҳдид мекунад, ном мебарад.
Вай афзуд, ки Ғарб дар пайи "шок ва тарс" аз Русия аст, аммо маҳдудиятҳо аз назари паёмадҳо пешгӯинашавандаанд.
Ёдовар мешавем, пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина Ғарб таҳрими алайҳи Маскавро афзоиш дод.
Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд.
Аксари ширкатҳои номдор аз тарки бозори Русия хабар доданд. Кремл таҳримҳои навро ҷанги иқтисодӣ номид, аммо таъкид кард, ки онҳо ба чунин иқдоми ғайридӯстонаи кишварҳои Ғарб омода буданд.