Дар Маскав дидори куҳансарбозоне, ки дар Тоҷикистон хидмат кардаанд, баргузор мешавад

Ба муносибати Рузи ғалаба дар боғи маданият ва истироҳати Маскав ба номи Горкий, вохӯрии собиқадорон доир мешавад, ки солҳои гуногун дар Тоҷикистон хизмат кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Маскав пас аз танаффуси дусола мулоқоти собиқадорони даргириҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои пойгоҳи 201-уми ва Гурӯҳи нерӯҳои марзбонии Русия дар ин ҷумҳурӣ хидмат кардаанд, баргузор мешавад.
Ҳамин тариқ, Фонди ҷамъиятии вилоятии собиқадорони "Ваҳдат" вохӯриҳои анъанавии солонаи худро аз сар мегирад.
Чорабинӣ дар Рузи ғалаба 9 май дар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии Маскав ба номии Горкий доир мешавад. Ҷамъомади ҳамаи хоҳишмандони ширкат дар даромадгоҳи марказии боғ аз соати 11-00 то 12-00 вақти Маскав барпо мегардад.
Барномаи чорабинӣ низ маълум аст. Барои меҳмонон қисми тантанавӣ омода карда шуда, баромади собиқадорон ба нақша гирифта шудааст ва соати 12:30 супоридани ҷоизаҳо оғоз мегардад.
Песков: Рӯзи ғалаба барои сокинони шӯравии собиқ муқаддас аст
Пас аз он ҳозиринро ҳунарнамоии гуруҳи навозандагони ВИА "Иван"-и пойгоҳи 201-ум интизор аст.
Ғайр аз ин, муоширати собиқадорони, хӯроки сарбозӣ, намоиши аксҳо, тамошои экспонатхои музей, суруду рақс доир мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар маросими гузоштани гулчанбар ба "Оташи абадӣ" дар Боғи Ғалабаи Душанбе ширкат хоҳад кард.
Инчунин ба хотираи қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ як дақиқа хомӯшӣ эълон карда мешавад.
Дар доираи чорабинӣ ротаи каровули фахрӣ барпо гардида, оркестри ҳарбии полки комендатии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баромад мекунад.
Ба ин маросим раҳбарони бахшҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд.