ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Юрий Авербах, куҳансолтарин гроссмейстери ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши СССР, шахсияти шинохта шоҳмоти Русия ва байналмилалӣ даргузашт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи шоҳмоти Русия.
Вай 100-сола буд. Дар бораи сабаби марг ӯ то ҳол хабар дода нашудааст.
Юрий Авербах 8 феврали соли 1922 дар Калуга таваллуд шудааст. Оилаи ӯ соли 1925 ба Москва кучид.
Ӯ аз ҳафтсолагӣ ба шоҳмотбозӣ шурӯъ кардааст. Аз соли 1944 устоди варзиши СССР, чемпиони секаратаи Москва буд.
Вай соли 1952 унвони гроссмейстерро гирифт ва соли 1954 чемпиони СССР шуд.
Авербах аз рӯи маълумот муҳандис буда, соли 1946 Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Баумани Маскавро хатм кардааст.
Юрий Авербах дар ҳайати тими яккачини СССР ғолиби чемпионати тимҳои Аврупо гардида, инчунин дар вохӯриҳо бо яккачинҳо ИМА Англия, Швесия ва Югославия иштирок кард.
Илова бар ин, Авербах оҳангсоз, назарияшинос, муаррих ва нависанда буд.
Таҳқиқоти шоҳмотро тартиб додааст, ҳаками байналмилалӣ дар шоҳмот ва композитсияи шоҳмот буд.
Муаллифи тадқиқоти фундаменталии классикӣ дар соҳаи бозист. Бисёр китобҳои Авербах ба забонҳои хориҷӣ тарҷима шудаанд.