Таваҷҷуҳи тоҷикон ба мошинҳои истеҳсоли Ӯзбекистон кам шудааст

Омори мошинсозӣ дар Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад, ки дар ин кишвар содироти худрав коҳиш ёфта, воридот ва тавлидоти нақлиёт якбора афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 68 905 мошин истеҳсол шудааст.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба омори давлатӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки истеҳсоли автомобилҳои сабукрав нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 24 451 адад афзоиш ёфтааст.

"Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 Ӯзбекистон ба Озарбойҷон, Тоҷикистон, Куриё ва Лубнон 58 мошин содир кардааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 8 763 мошин кам шудааст", - омадааст дар хабар.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба Ӯзбекистон аз 21 кишвари хориҷӣ 8 508 мошин, ба маблағи 189,3 миллион доллар ворид шудааст.
Маъруфтарин нақлиёт барои ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон маълум шуд
Воридоти автомобилҳои сабукрав нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 5 361 адад ё 2,7 баробар афзоиш ёфтааст.
Илова бар ин дар давоми 3 моҳ ба Ӯзбекистон 455 мошини барқӣ ворид шудааст.
Воридоти мошинҳои барқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 370 адад ё 5,4 баробар афзоиш ёфтааст, омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2022 ба маблағи беш аз 78,3 миллион доллар худрав ворид кардааст.
Ҳамин тариқ ҳаҷми воридот аз аввали соли ҷорӣ нисбат ба соли 2021 1,6 баробар бештар аст.
Талабот зиёд шуд. Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон тасмим дорад, воридоти мошинҳои барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кунад.
Бар асоси ин тағйирот, воридоти мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба онҳо ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Тадбирҳо ба истифодаи самараноки "иқтисоди сабз”, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологӣ иртибот доранд.