ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми чанд рӯз боронгариҳои шадид идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз оқибатҳои селу обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар хабар дод.
Ба гузориши ин ниҳод, шаби панҷ ба шашуми май дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон сели азим 25 қитъаи наздиҳавлигиро зери обу лой кард. Илова бар ин як манзил дар ин деҳа бар асари омадани сел қисман тахриб шуда, ҳамчунин 450 метр роҳи байни деҳаҳо хароб гардидааст.
Боронгариҳо ба навоҳии вилояти Суғд низ зарари зиёд расондаанд. Аз ҷумла дар деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Чинор сел сабабгори ҳалокати 15 сар чорвои калони сокинони русто гардид.
Дар ноҳияи Деваштичи ин вилоят сели азим ба пуле, ки аз тариқи ҷамоати деҳоти Ғазантарак мегузарад, зарар расондааст. Инчунин 9,7 километр қубури обгузари Даҳансой низ зери хатар мондааст.
КҲФ мегӯяд, шаби шашуми май дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби боронгариҳои шадид сатҳи оби дарё баланд шуда, боиси зери об мондани роҳи мошингарди Ваҳдат - Чӯянгарон - Ромит шуд.
Гуфта мешавад, ҳудуди як километр роҳи мошингард аз сангу рег пур шудааст ва феълан қисман ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.