ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқоти кард.
Бино ба иттитои дафтари матбуотии ФФТ, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, бахусус рушди имрӯзу ояндаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
Рустами Эмомалӣ талошҳои КФО барои рушди футбол ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Осиёи Марказиро баланд арзёбӣ кардааст.
"Ҳамеша омодаем, ки ҳама гуна ташаббусҳои КФО-ро, ки ба рушди футбол дар минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ намоем", – гуфтааст президенти ФФТ.
Президенти КФо, ки нахустин сафараш пас аз пандемия ба Тоҷикистон аст, аз ташаббусҳои Тоҷикистон барои оммависозии футбол ва дар давраи пандемия гузаронидани бозиҳои чаҳор гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои занону ҷавонон (U-23) баҳои баланд дод.
Ӯ гуфтааст, ки барои дастгии футбол дар Тоҷикистон омода аст ва аз дастовардҳое, ки ФФТ дар солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, ифтихор мекунад.
“Ман медонам, ки шуморо корҳои зиёде аст. Мо ҳамеша дар баратонем, ҳамеша омодаем, ки дар татбиқи нақшаҳои рушди футболи Тоҷикистон ҳамроҳ шавем", - хулоса кард роҳбари футболи Осиё.
Ёдовар мешавем, ки 7 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви ин ташкилоти бузурги минтақаии футбол мебошад.