ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ин масъала ахиран дар шаҳри Душанбе зимни дидори Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор маҷмуи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар доираи сафари ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки аз 4 то 11 май идома хоҳад ёфт, баргузории ҳамоишҳову дидорҳои вобаста ба соҳаи экологӣ ва муҳити зист, табодули таҷриба ва эҳёи нерӯи ҳамкории дутарафа дар назар аст.
Ҳамзамон қарор аст, намояндагони Кумитаи давлатии экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон аз мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Шӯроободу Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Бадахшон боздид хоҳанд кард.
Ёдрас менамоем, ки Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири кишвар пештар эълом карда буд, Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанад.