ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тайи шабонарӯзи охир беш аз 12,5 ҳазор фирорӣ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Ростов вориди Русия шудаанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба мақомоти марзбонӣ.
Манбаъ афзуд, ки бисёре аз гурезаҳо занону кӯдакон мебошанд.
Теъдоди умумии гурезаҳо аз Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донбасс дар Русия аз ҳадди 1,1 млн нафар гузаштааст, ки аз ин ҳудуди 200 ҳазор нафари онҳо кӯдак мебошанд.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо мақомоти Русия дар ҳудуди худи Украина низ даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.
Комссари олии паноҳандагони СММ мегӯяд, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.