Ҳудуди 36 адад техника ва 149 оташнишон сӯхтор дар пойгоҳи нафти Макеевкаро комилан бартараф карданд, хабар дод Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурии халқии Донетск.
Ин сӯхтор бар асари тирпаронии нерӯҳои украинӣ 4 май сар зада, ба иттилои мақомоти ҶХД дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар осеб дидаанд.
Дар пойгоҳ 4 захирагоҳи нафт, ки ғунҷоиши ҳар кадомашон 5 ҳазор тонро ташкил медиҳад, оташ гирифта буданд. Пеш аз зуҳри 5 май мақомоти ҳолатҳои фавқулодда аз пурра хомӯш кардани сӯхтор дар махзани нафт хабар доданд.
Макеевка аз шаҳрҳои бузурги Донестк мебошад, ки мунтазам ҳадафи тирпарронӣ аз сӯи нерӯҳои украинӣ қарор мегирад.
Ба иттилои мақомоти ҶХД, минтақаҳои ин ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи охир 28 бор ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, дар натиҷа 3 сокини мулкӣ кушта шуда, 25 нафар маҷруҳ гардиданд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.