ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ ба куҳнасарбозон кумаки пулӣ ҷудо кард.
Намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба аёдати иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро ба онҳо супориданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
"Куҳнасарбозон бо понздаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд", - омадааст дар хабар.
Абдуфаттоҳзода изҳор доштааст, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, тибқи гузориши котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ дар назди "Лавҳаи хотира"-и шаҳидон ва иштирокчиёни ҶБВ дар деҳаи Қаратоғ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ хонандагони мактаби №12-и шаҳр дар бораи ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои миллат маъруза ва шеърҳои ватанпарастона қироат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои ҶБВ беш аз 5 ҳазор аз ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо шаҳид шуд.
Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода 572 нафар ба ҷабҳа бар зидди фашизм рафта, 234 нафари онҳо ҷавонмардона муҳориба карданд ва шаҳид шуданд.
Соли равон 77-солагии Рӯзи пирӯзиро дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадори ҷанг ва 4 нафар аз заҳматкашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.