ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Русия ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи амният тақвият медиҳад.
Ҳамкории ҳарбию техникӣ низ тавсеа меёбад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Ҳамкорӣ дар соҳаи амният таҳким меёбад. Дар заминаи муқовимат ба терроризми байналмилалӣ машваратҳо мунтазам сурат гирифта, лоиҳаҳои дахлдори дуҷониба амалӣ мешаванд ва дар омода кардани кадрҳои касбӣ кумак расонида мешавад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷиҳати ироаи кумакҳои ҳарбӣ-техникӣ барномаҳои мухталиф амалӣ мешаванд, ки барои муҳлатҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи аслии ин барномаҳо таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.
"Ман кори муштаракро дар бахши сохторҳои зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддири ИДМ, СПАД ва СҲШ махсусан қайд мекунам", - афзуд Лавров.
Вай таъкид кард, ки иқдомоти муассири нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар моҳи январи соли 2022 барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии дохилии Қазоқистон мусоидат кард, ки камолот ва эътимоднокии баланди ин созмонро рӯшан нишон медиҳад.
Роҳи мубориза бо бетартибиҳо аз ҷониби СПАД дар ҷумҳурӣ имкон дод, ки таҳдидҳо ба амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ шавад, қайд кард вазир.
Вай ҳамчунин итминон дод, ки бар хилофи бархе аз кишварҳои ғарбӣ Русия минтақаи Осиёи Марказиро майдони бархӯрди геополитикӣ дар рӯҳияи консепсияи мустамликавии "Бозии бузург" намеҳисобад.
Вазир афзуд, Маскав барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энержӣ, илмию техникӣ ва татбиқи имконоти транзитӣ дар ин минтақаи ҷуғрофӣ имконоти бузургро мебинад.
Қаблан котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дода буд, ки нишасти солгарди СПАД дар Маскав баргузор мешавад. Ба гуфтаи намояндаи Кремл, мумкин аст, дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СПАД ба авзоъ дар Украина дахл шавад.
Ҳамчунин маълум аст, ки кишварҳои узви СПАД имсол чанд тамрини муштарак баргузор мекунанд.