Коршинос гуфт, доллар дар пасманзари мушкилоти ҷаҳонӣ чӣ гуна тақвият меёбад

Таҳлилгари "Совкомбанк" сабабҳои таҳкими долларро ошкор кард, пеш аз ҳама ба ин заифшавии се асъори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар моҳи апрел қурби доллар дар баробари 6 асъори ҷаҳонӣ боло рафт ва ба баландтарин сатҳи худ сар аз соли 2015 расид.
Ин сарфи назар аз тағйироти иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон рӯй дод, гуфт Михаил Василев, таҳлилгари аршади "Совкомбанк".
Пули амрикоӣ дар моҳи май метавонад баландтарин нишондодҳои 20-солаашро барқарор кунад.

"Долларро интизориҳои шадиди сиёсати пулию қарзии Системаи захоири федералӣ ва афзоиши талаботи сармоягузорон ба дороиҳои муҳофизатӣ дар шароити коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад кард", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи таҳлилгар, омилҳои зерин ба таҳкими қурби доллар мусоидат мекунанд: заиф шудани қурби евро бар асари авзоъ дар Украина, поин рафтани қурби юан ба далели хуруҷи навбатии КОВИД дар Чин ва поин рафтани қурби йен ба далели ҳифзи сиёсати нарми пулию қарзӣ аз тарафи Бонки марказии Ҷопон.
Захираи федералии ИМА, баръакс қурби асосиро боло мебарад, ки ин ба доллар таъсири мусбат мерасонад, хулоса кард Василев.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли 2022 доллар ва евро ба баландтарин нишондодҳои таърихӣ расида буданд. Қурби пули амрикоӣ аз 120 рубл гузашт ва евро аз 135 бештар шуд.
Устувории бесобиқаи рубл тайи моҳҳои охир. Арзиши доллар афтид
Сабаби якбора боло рафтани қурби асъор як силсила рӯйдодҳо дар арсаи геополитикӣ буд: эътирофи истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ аз ҷониби Русия, оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус ҷорӣ кардани таҳримҳо.
Бори аввал дар рӯзи 23 март қурби доллар аз 100 рубл поин рафт ва евро то 105 рубл коҳиш ёфт. Арзиши пули русӣ аз рӯи қоидае, ки содиркунандагон 80% даромади асъорро мефурӯшанд ва талаботи нав барои фурӯши гази Русия ба кишварҳои ғайридӯст боло рафт.