Дар Душанбе гузашти низомӣ баргузор мешавад

Ду соли қаблӣ ба далели вазъи душвори эпидемиологӣ бар асари бемории коронавирус раҳпаймоии тантанавӣ бо иштироки низомиён баргузор нашуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора як манбаи огоҳ аз вазъ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гузашти низомӣ дар боғи "Ғалаба" барпо мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 ҷашни Рӯзи ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард.
Мувофиқи маълумоти бойгонии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, дар Ҷанги бузурги ватанӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
"Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бошукӯҳ баргузор мешавад
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд. Соли 2022 Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшуморе ба ҳисоб меравад, ки дар он роҳпаймоии тантанавии сарбозон баргузор мешавад.
Ҳамин тавр дар Қирғизистони ҳамсоя чорабинии тантанавӣ лағв шуд, вале марши гарнизони пойтахт иборат аз намояндагони нерӯҳои дохилӣ, пулис, марзбонон ва низомиёни гарнизони Бишкек дар назар аст. Илова бар ин роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидонӣ" низ баргузор мешавад.
Ӯзбекистон низ паради 9 майро лағв кард.
Нахустин бор бонувони пойгоҳи 201-ум 9 май дар Тоҷикистон раҳпаймоӣ мекунанд
Ин рӯз дар кишвар на ҳамчун Рӯзи ғалаба, балки ҳамчун Рӯзи хотира ва қадр таҷлил мегардад, аз ин рӯ дар ҷумҳурӣ чорабиниҳо бахшида ба собиқадорони ҷанг баргузор мешаванд.
Қазоқистон низ аз паради ҳарбӣ даст кашид, дар ҳоле ки дар тамоми манотиқи ин кишвар ҳудуди 50 чорабинии ёдбуд баргузор мешавад. Туркманистон тасмим гирифтааст, ки ба пояи муҷассамаҳо дар Ишқобод гул гузоранд.
Мақомот дар бораи нақшаи баргузории гузашти низомӣ чизе нагуфтаанд. Дар навбати худ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Эстония, Латвия ва Литва ҳама гуна гузашти низомӣ ба ифтихори 9 май ва чорабиниҳои идонаро лағв кардаанд.