Тоҷикистон бештар кадом молҳоро ворид мекунад?

Аз авоили соли ҷорӣ дар феҳристи колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум дар ҷои аввал қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 18%-и ҳаҷми умумии воридот маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум будааст. Дар ин бора маълумоти оморӣ аз аввали соли ҷорӣ шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тариқ воридоти ин маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2022 18,1% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод.
Дар маҷмуъ аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар коло ворид шудааст.
Дар ин муддат ба Тоҷикистон беш аз 193,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуда, хариди он 1,6 баробар афзуда, маблағи умумии он беш аз 154,8 миллион долларро ташкил додааст.
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шуданд
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба ҷумҳурӣ беш аз 202,8 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба 3 моҳи соли 2021 7,6 фоиз кам мебошад.
Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 60,1 миллион долларро ташкил додааст.
Сегонаи стратегӣ: Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом колоҳоро ворид мекунад
Воридоти орд дар ин давра беш аз 11,1 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 3,5 миллион доллар будааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми умумии воридоти коло ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион сомониро ташкил дод.
Воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз Русия 28,3% аз ҳаҷми умумии воридот, 20,1% аз Чин ва 17,1% аз Қазоқистон сурат гирифт.
Тоҷикистон як харидори умедбахши алюминийро ба даст овард
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2021 бори аввал дар 15 соли охир бартарии содирот бар воридотро ба даст овард: афзоиши беандоза аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба даст омад.
Дар байни молҳои бештар содиршавандаи Тоҷикистон маҳсулоти маъданӣ ва металлҳои қиматбаҳо мебошанд.