ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар ду моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,4% камтар ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин маълумот аз хадамоти матбуотии Агентии омори ҷумҳурӣ бармеояд.
Ҳамин тариқ дар моҳҳои январ-феврал шумораи чунин бемориҳо 3810 нафарро ташкил додааст.
Аз ин шумора гирифторҳои гепатит 21,2% ва бемориҳои шадиди рӯдаҳо каме камтар - 21,1% аз шумораи умумии беморони сироятиро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 5540 бемории тасдиқшудаи паразитӣ расман ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 19% камтар аст.
Қаблан маълум шуд, ки дар Тоҷикистон беш аз 5,2 миллион нафар тавонистаанд воксинҳои аввалини зидди сирояти коронавирусро бигиранд, ки 93,1%-и аҳолии аз 18-сола боло дар кишварро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин 90,3 фисади шаҳрвандони ҷумҳурӣ қисми дуюми вояро гирифта, 2,19 миллион нафар ё 36,1 соли калонсолон бори сеюм эм шудаанд.
Илова бар ин бо талошҳои мақомот ва табибони маҳаллӣ аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон дигар мавроиди сирояти COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале эмгузарони ҳатмӣ боқӣ мемонад.
Дар баробари ин ба кишвар воридоти дору ва молҳои тиббӣ давом дорад. Ҳамин тариқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ имкон пайдо шуд, ки ба маблағи 53,5 миллион доллар доруҳои зарурӣ харидорӣ шавад. Ин рақам назар ба семоҳаи аввали соли гузашта қариб 19 миллион доллар зиёд аст.