ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 160 сомонӣ аст. Асъори русӣ устуворияшро дар ҳафтаи охири моҳи апрел оғоз карда, бидуни тағйир моҳи майро оғоз кард.
Ба дунболи рубл вазъияти доллар низ бетағйир мондааст. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ башиддат коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.11797 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ як евро 13.5519 сомонӣ арзиш дошт.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 152 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 160,5 ва дар фурӯш 162,5 сомонӣ аст. Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 155 ва дар фурӯш 161 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 162 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.