ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Пошхӯрии Украина соли 2014-ум, баъди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар оғоз шуд, изҳор дошт Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз баъди табаддулоти давлатии соли 2014-ум Қрим аз ҳайати Украина хориҷ шуд. Володин ин нуктаро дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эҳтимоли пошхӯрии Украина баён дошт.
"Пошхӯрии Украиа баъди табаддулоти давлатӣ, ҳанӯз соли 2014-ум оғоз шуда буд, ки Қрим аз ҳайати он хориҷ гардид", - афзуд ин сиёсатмадор.
Вай ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он хориҷ гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бисёри аз онҳое, ки феълан дар қисматҳои ғарбии Украина зиндагӣ мекунанд, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд.
"Тайи вақтҳои охир беш аз 5 млн нафар Украинаро тарк карданд, ки аз ин ҳам ба вазъи Украина эътидол зам намекунад", - таъкид кард роҳбари Думаи давлатӣ.
Вай ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан изҳороте аз Херсону дигар вилоятҳо ба гӯш мерасанд, ки мехоҳанд, аз ҳайати Украина хориҷ шаванд ва воқеият феълан чунин аст.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи феврали соли равон Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз намуд. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.