Даври навбатии чемпионати Тоҷикистон: кӣ бурду кӣ бохт?

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи бозиҳои даври навбатии қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои Лигаи олиро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ барои дастаи Клуби марказии варзишии артиш - КВМА аввалин бохт оварду "Равшан"-и Зафаробод аввалин пирӯзиашро сабт кард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, КМВА дар майдони худ аз тими "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Як голи бозингари тими мизбонро Шарафҷон Солеҳов ва дастаи Кӯлобро Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов ба ҳадаф расонданд.
"Равшан"-и Зафаробод бошад, бар тими "Истаравшан" бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози “Истаравшан” Мбеке Сиябатчу Деудони кушод, аммо бартарияти ин тим дер давом накард.
Чаро дастаи “Истаравшан” аз хидмати сармураббии эронӣ даст кашид?
Бозигари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии "Равшан"-и Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.

Дар бозии дигар "Регар-ТадАЗ" зимни бозӣдар майдони худ тими "Эсхата"-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати тими ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ заданд.

Дастаи "Хатлон"-и Бохтар дар ин давр бо "Хуҷанд" мусовӣ, бидуни ҳеч голе бозиро анҷом дод, аммо пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Кумита афзуд, дар даври шашум 7-уми май "Эсхата" бо "Равшан"-и Зафаробод, "Файзканд" бо "Регар-ТадАЗ", 9-уми май "Истаравшан" бо КМВА, 12-уми май "Хуҷанд" бо "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хатлон" бо "Истиқлол" вомехӯранд.
Инчунин 8-уми май миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2022 доир мегардад.