Субҳи имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои собиқӣ Шӯравӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои адои намози Иди Фитр ба масҷиди марказии шаҳри Маскав рафтанд.
Чандин ҳазор нафар аз мусулмонон имрӯз дар Маскав намози ид гузоштанд. Азбаски бузургтарин масҷиди Маскав дар ҷодаи Сулҳ ҳамаро ғунҷонда наметавонист, аксрият дар хиёбонҳои атрофи он намоз гузоштанд.
Пас аз амри маъруф ва суханони табрикии бо иштироки Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин намози Иди Фитр баргузор шуд.
Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд то ба Ид онҳоро табрик намоянд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Аршабаев Марат пештар гуфта буд, ки баъд аз солҳои 2000-ум теъдоди намозгузорон дар Масҷид ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеъи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи шарифи Рамазон, имсол аз 2-уми апрел оғоз шуда, то 2-май идома ёфт.
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.