ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Намози иди Рамазон дар Тоҷикистон бо рӯи даст гирифтани тадобири шадиди амниятӣ ва ҳузури густардаи намозгузорон баргузор шуд.
Бино ба матни мавъизае, ки дар ихтиёри имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон қарор гирифтааст ва нусхае ҳам ба Sputnik Тоҷикистон дастрас шуд, гузоштани намози ид дар фазои сулҳу оромӣ ва ширкати густардаи намозгузорон дар тамоми масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо натиҷаи ваҳдату осудагӣ ва сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфта мешавад.
"Шумо медонед, ки имрӯз рӯзи душанбе ва рӯзи корист, аммо давлати Тоҷикистон ин рӯзро ба хотири Иди саиди Фитр дар тамоми кишвар ба таври расмӣ рӯзи истироҳатӣ эълон намудааст, то мардум иди худро озодона баргузор намоянд. Ва нишонаи дигари эҳтироми баланди давлат ба арзишҳои динии мардум дар он аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷид озодона фаъолият мекунад”, - омадааст дар мавъиза.
Дар идома гуфта мешавад, зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон аз баракати соҳиби давлати миллии мустақилест, ки ба худи ин миллат тааллуқ дораду манфиатҳои онро ҳимоят ва худаш сиёсати худашро мустақилона муайян мекунад ва аз ҳеҷ ҷой дастур намегирад.
"Дар ин рӯзи саид сабаби ба масъалаи давлат рӯй овардани мо дар он аст, ки маҳз доштани давлати миллии мустақил боис мешавад, ки мо сарнавишти худамонро худамон муайян кунем, дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунем, фарҳанги худро ҳифз кунем, бо забони худ озодона гап занем, дар кӯчаҳои худ бо зану фарзандамон озодона қадам занем. Дар як ибора, маҳз давлати миллии мустақил сабаби ҳифз шудани мо ҳамчун миллат мегардад”, - омадааст дар мавиза.
Бо васфи “неъматҳои фаровоне, ки Худованд барои миллати тоҷик додааст”, имомхатибҳо дар канори онҳо давлат доштанро зарурати аввалия арзёбӣ карда, гуфтаанд, Худованд барои мардуми Тоҷикистон обҳои софу ширин, кӯҳҳои баланду зебо, боду ҳавои поку форам, сарзамини хуррам, фарҳанги баланду бузург, чеҳраҳои нуронӣ додааст, ки ин неъматҳо Тоҷикистонро ба як биҳишти рӯи замин табдил додааст.
"Ҳар касе аз берун меояд, инро мебинад ва дарк мекунад. Аммо танҳо давлат, танҳо давлати мустақили миллӣ, танҳо давлати худӣ метавонад ин ҳамаро ҳифз намояд, шароити зиндагии осоиштаро дар ин сарзамин фароҳам кунад, бақои моро дар ин сарзамин таъмин созад”, - гуфтаанд имомхатибон.
Дар идомаи мавъиза бидуни зикри кишвари мушаххас ба ҳамсоякишварҳо ва ҳамтаборони мардуми Тоҷикистон ишора мешавад, ки бо сабаби надоштани давлати мустақили худӣ, имрӯз рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронанд.
“Акнун ҳатто ҳуқуқи бо забони модарии худ гап заданро надоранд. Дар аксари давлатҳои муайян бо сабаби аз байн рафтани сулҳу амният миллионҳо нафар гуреза шудаанд ва ватани худро тарк карда, ба хориҷа фирор намудаанд. Хонаю дар, сарвату дороӣ, сарзамини зебо, тамоми орзую ҳавасашонро партофта рафтанд. Ин аст, ки танҳо давлат ва танҳо оромию амният кафолати зиндагии осудаи мардум аст, кафолати иҷро шудани орзую ҳавасҳои мост. Агар давлати худӣ набошад, агар ваҳдату амният набошад, ягон нақшаю орзуи шахсии мо ҳам иҷро намешавад. На хона, на замин, на мошин, на тӯй, на донишгоҳ, на масҷид, на ид”, - омадааст дар мавъиза.
Дар мавъиза зикр мешавад, ки дар ҷаҳони имрӯз танҳо 10 дарсади халқҳо соҳиби давлат ҳастанду халос, яъне 90 фоизи халқҳои ҷаҳон дар орзуи доштани давлати худӣ ҳастанд.
Имомхатибон аз намозгузорон хостаанд, ки ҳамагӣ бояд дар атрофи давлат муттаҳид шаванд ва дар хидмати давлат бошанд.
"Тамоми шаҳрвандон, чӣ мусулмон, чӣ масеҳӣ, чӣ масҷидрав, чӣ масҷиднарав. Чӣ муаллим, чӣ домулло, чӣ коргар, чӣ донишҷӯ, чӣ зан, чӣ мард, чӣ пир, чӣ ҷавон бояд қадри давлатро донем, дар хидмати давлат бошем”, - гуфтаанд онҳо.
Дар тафсири “дар хидмати давлат будан” имомхатибон гуфтаанд, ки корманди давлатӣ будан шарт нест, аммо ҳамин, ки дар соҳаи худ, дар кори худ ҳалол меҳнат кунанд, хонаю дар, кӯчаю маҳаллаи худро обод кунанд, хидмат ба миллат ва давлат аст.
“Ҳамин, ки фарзандонамон дуруст хонанд, дуруст тарбият ёбанд, ба роҳи рост раванд, ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд, ватану миллату давлати худро дӯст доранд, ҳамин хидмат ба давлат аст. Ҳамин, ки дар доираи қонун зиндагӣ кунем, фарҳанги баланд дошта бошем, хидмат ба давлат аст. Зеро давлат давлати ҳамаи мо, оромию ободии он оромию ободии ҳамаи мо мебошад”, - омадааст дар мавъиза.
Ҳамзамон ин нукта зикр мешавад, ки мардум давлатро пеш аз ҳама барои худ, барои зану фарзанд, зиндагии ором, ҳифзи забону фарҳангу арзишҳои миллии худ дӯст доранд ва ҳимоят кунанд, зеро ҳифзи ин ҳама танҳо дар як давлати мустақили худӣ имконпазир мебошад.
Бино ба иттилое, ки Sputnik Тоҷикистон аз чанд масҷиди Тоҷикистон ба даст овард, намози иди Рамазон бо рӯи даст гирифтани тамоми тадобири амниятӣ баргузор шуд.