Ашраф Ғанӣ мушовири ҳукумати Толибон мешавад?

Раиси пешини амнияти милии Афғонистон гуфт, ки раисҷумҳурии пешини Афғонистон эҳтимол мушовири ҳукумати Толибон хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон дар саҳифаи расмиаш дар яке сомонаҳои иҷтимоӣ навишт аст, ки Ашраф Ғанӣ дар бораи бозгашташ ба Афғонистон ба унвони мушовир дар ҳукумати толибон андеша дорад, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Раиси пешини амнияти миллии Афғонистон қайд кардааст, ки ахиран ин масъала дар дидори Ҳашмат Ғанӣ, бародари Ашраф Ғанӣ дар Покистон бо масъулони Созмони иттилоотии низомии Покистон (ISI) баррасӣ шудааст.
Оқои Набил навиштааст, ки Ҳашмат Ғанӣ зимни интиқоли паёми хоси Ашраф Ғаннӣ ба тарафи покистонӣ, рӯи масъалаи бозгашти Ашраф Ғанӣ ба унвони мушовир дар ҳукумати толибон ва таъсири вай дар ба расмият шинохтани ҳукумати толибон аз сӯи кишварҳои мухталиф ва раҳосозии пулҳои Бонки Марказӣ баҳс ва то ҳадде мувофиқат кардаанд.
Дар Афғонистон сутунҳои нерӯи барқ ​тарконида шуду 11 вилоят бебарқ монд
Раҳматуллоҳ Набил раиси пешини амнияти миллии Афғонистон яе аз тарафдорони Ашраф Ғанӣ буд ӯ аз раёсати амнияти милли пешин низ ба иллати мухолифат бо сиёсатҳои Ашраф Ғанӣ истеъфо карданд.
Изҳороти Набил мабни бар бозгашти эҳтимолии Ашраф Ғанӣ ба кишвар дар ҳоле аст, ки қаблан Ҳашмат Ғанӣ бародари Ашраф Ғанӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки агар ҳузӯри бародараш дар Афғонистон муасир бошад ӯ хостори бозгашт ба кишвар аст.
Бояд қайд кард, ки худи Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло дар АМА зиндагӣ мекунад дар бораи бозгашташ ба кишвар расман чизе нагуфтааст.