ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Волидон дар Тоҷикистон қонунан уҳдадор шуданд, ки бе доштани иҷозатномаи ронандагӣ ба фарзанд идораи нақлиётро иҷоза надиҳанд.
Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ҷаласаи ахири парлумон қабул гардид.
Ба итилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", вакил Насиба Содиқӣ, зимни тавзеҳи тағйирот гуфт, бар асоси он бояд волидон ба фарзанд барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ иҷозат надиҳанд.
Ҳамчунин таъкид шудаст, ки волидон уҳдадоранд, пеши роҳи фарзандеро, ки сари чанбари мошин ба муассисаи таълимӣ рафтанист, гиранд.
Рустам Латифзода, яке аз муаллифони тағйирот изҳор доштаст, ки дар баробари роҳ надодани идораи воситаи нақлиёт ба сӯи муассисаи таълимӣ, падари модар ҳамчунин вазифадор шудаанд, маърифати экологии фарзандро тақвият бахшанд.
"Масъалаи фарҳанг ва маърифати экологӣ ҳоло ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, тарбияи фарзанд дар ин самт ба баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, ҳифз ва нигоҳ доштани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мусоидат хоҳад кард", - афзуд ӯ.
Латифзода мегӯяд, тағйирот ба қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба ҳифзи саломатӣ, риояи рафтору одоби таҳсилот, зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба донишомӯзӣ ва дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва хоксорӣ тарбия намудани фарзандон равона шудааст.
Таъкид шудаст, ки риоя нашудани уҳдадориҳои волидон дар тарбияи фарзанд ҷавобгарӣ дар пай дорад.