ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар маркази Афғонистон ду сутуни барқ тарконда, 11 вилояти ин кишвар, аз ҷумла Кобулро бе барқ монданд.
Дар ин бора ширкати энержии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) дар вилояти Парвон хабар додааст.
"Дар ноҳияи Тагма дар ҷануби Саланги вилояти Парвон дар натиҷаи инфиҷори мина ду... сутуни хатти барқ тахриб шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса нерӯи барқ дар Кобул ва 10 вилояти дигар қатъ шуд", - омадааст дар хабари ширкат.
Гуфта мешавад, ки дар ҷойи ҳодиса дастаҳои техникӣ кор мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки се деҳаи вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо фарогирии 375 хоҷагӣ бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд. Дар назар аз боз ба як деҳаи дигар низ "равшан" шавад.
Ин кор пас аз пайвастани ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи барқии вилоят ва аз тариқи он ба хати барқии мамлакат пайваст шудан амалӣ гардид.
Чунин имконият пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристистгоҳи деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, таъмиру таҷдиди пурраи он ва насби 86 сутунпояҳои оҳанини хати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 19,5 км ба даст оварда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.
Дар ин муддат кишвар аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.