ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар баргузор шавад.
Тоқаев чунин пешниҳодро дар иҷлосияи XXXI Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон изҳор дошт. Маврид ба зикр аст, ки бори охир ҳамапурсӣ дар ин кишвар дар соли 1995 баргузор шуда буд.
"Раъйпурсӣ ба ҳар як шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар ҳаллу фасли сарнавишти кишвар бевосита ширкат варзад ва роҳи моро дар самти демократикунонии ҳамаҷониба ва бунёди Қазоқистони нав таҳким бахшад", - гуфт сарвари ин давлат.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, раъйпурсӣ муҳимтарин хусусияти демократия аст, аммо Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ" дар Қазоқистон "ҳеҷ гоҳ дар амал татбиқ нашудааст", дар ҳоле ки 4 бор ба Сарқонун ислоҳот ворид шудааст.
Тоқаев гуфт, тағйир додани Қонуни Асосии давлат тавассути овоздиҳии умумихалқӣ "намоиши рӯшани иродаи мардум хоҳад буд".
Маълум аст, ки тағйирот ба 33 моддаи Қонуни Асосии ин мамлакат дахл карда, системаи сиёсиро бакуллӣ тағйир медиҳад. Аз ҷумла дар бораи замин, ҳуқуқи инсон ва як қатор дигар соҳаҳо ислоҳот ворид карда мешавад.
Ба гуфтаи президент, на дастгоҳи давлатӣ, на тасмимҳои сиёсӣ ва фишангҳои иқтисодӣ наметавонанд Қазоқистонро ба ҳадафи навсозии кишвар бидуни ҷалби ҳама шаҳрвандон ба кори умумӣ раҳандозӣ кунанд.
Тоқаев афзуд, ки бунёди як кишвари нав тағйири куллии низоми арзишҳои фардӣ ва иҷтимоиро тақозо мекунад. Дар миёни аҳдофи аслӣ садди роҳи хешутаборӣ, фасод ва муомилагароиҳо шудан аст.
"Қазоқистони нав бояд қаламрави адолат гардад. Барои ин на танҳо ҳарф, балки рӯҳи қонунро низ риоя кардан лозим аст", - қайд кард раҳбари Қазоқистон.
Ӯ дар хотимаи нутқаш хулоса кард, ки қонун, адолат ва тартибот омили ҳақиқии зиндагии обод хоҳанд буд.