Баҳси истифодаи оқилонаи об миёни сиёсатмадорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Истифодаи оқилонаи об масъалаи муҳим ва мубрами рӯз на танҳо барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, гуфта шуд дар ҳамоиш
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони "Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ" конфронси маҷозии байналмилалӣ баргузор карданд.
Дар ин ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров мавзуи истифодаи оқилонаи обро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ин ҳамоиш иброз шуд, ки истифодаи оқилонаи об на танҳо барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи муҳим аст, хабар медиҳад Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.
Омили нигаронии сокинони наздимарзии Суғд аз беобӣ - тағйири табиат ё баҳси марзӣ?
Ҳифзи захираҳои обӣ, пешгирии обшавии пиряхҳо, кишт намудани навъҳои зироате, ки камтар об талаб мекунанд, ҷорӣ намудани воситаҳои каммасрафи истифодаи об, махсусан усули қатраӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра дар ҷиҳати истифодаи оқилонаи об зарур ва саривақтӣ шумурда шуданд.
"Зарур аст, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад", - гуфтанд сиёсатмадорон.
Хатар бузург аст: СММ таҳдидҳои асосӣ ба инсониятро эълон кард
Ширкаткунандагони ҳамоиш ҳамчунин ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориро дар ин самти истифодаи оқилонаи об муҳим хонданд.