ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, ки кишварҳои Ғарб муваффақ нахоҳанд шуд, Минску Маскавро бо таҳримҳо ба зону шинонанд.
Вай афзуд, ҳар ду кишвари дӯсту шарик захираву фанновариҳои кофӣ доранд.
"Беларус ва Русияро бо таҳримҳо ба зону шинондан ғайриимкон аст, зеро ин кишварҳо манобеъ, фанновариҳо ва имконоти зеҳнии кофӣ доранд", - гуфт Лукашенко.
Манбаъ қайд кардааст, ки раисҷумҳури Беларус дар ин бора ахиран зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Чечерски вилояти Гомел изҳор доштааст.
Роҳбари Беларус бори дигар таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки фишори таҳримӣ ҳар ду кишварро маҷбур месозад, ки имкониятҳои навро ҷустуҷӯ кунанд.
“Бозор боз аст, бояд ҳаракат кунем, на гиря”, - илова кард Александр Лукашенко.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.