Кумаки пулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ

Тибқи қарори навбатии раиси шаҳри Душанбе, ба ҳар куҳнасарбози ҶБВ бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба се ҳазор сомонӣ тақдим мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ахиран қарори Руситами Эмомалӣ барои ҷудо намудани маблағ ба куҳнасарбозони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 ба имзо расид, ки тибқи он, ба ҳар куҳнасарбози ҶБВ дар арафаи Рӯзи ғалаба кӯмаки пулии якдаъфаӣ тақдим мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади арҷгузорӣ ба ҷонбозиҳои иштирокчиёну маъюбони хоси Ҷанги бузурги ватанӣ эшонро кумаки пулӣ хоҳанд кард.
Ин кумак афроде аз қабили дорандагони ордену медалҳои ҳарбӣ бинобар хидмат дар ақибгоҳ, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ хидмат кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳоеро, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок шудаанд, шомил мешавад.
Туҳфаи 1350-долларии мақомоти ӯзбек ба иштирокдорони ҶБВ дар Рӯзи ғалаба
Тавре шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, тибқи қарори мазкур, аз ҳисоби фонди захиравии шаҳрдор ба ҳар кадоме аз иштирокчиёну маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ ба андозаи се ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Ҳамзамон дар қарор гуфта мешавад, ҳар кадом аз шахсоне, ки бо ордену медалҳои ҳарбӣ барои хидмат дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ сарфароз гардидаанд, нафароне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, 800 сомонӣ кумаки пулӣ дарёфт хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 9 май ҳамчун Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм ҷашн гирифта мешавад.
Қарори шаҳрдори Душанбе барои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ғалаба
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени “Шараф”, ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.