Баҳои русиягиҳо ба кори Путин

Президент РФ Владимир Путин
Дараҷаи эътимод ба кори раисҷумҳури Русия тайи вақтҳои охир афзуда истодааст, нишон додаанд назарпурсиҳои анҷомдода миёни аҳолии ин кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ба Владимир Путин, президенти Русия ҳудуди 80%-и аҳолии кишвар бовар доранд, хабар дод бунёди "Афкори умум" дар пайи анҷоми назарпурсӣ.
Бар асоси ин пажуҳиш, 80%-и русиягиҳо ба Владимир Путин бовар доранд, 12% изҳор доштаанд, ки эътимод надоранд. Шумораи онҳое, ки натавонистаанд посух диҳанд, 8%-ро ташкил додааст.
Ба ақидаи 82%-и пурсидашудаҳо, президент дар мақомаш хуб фаъолият мекунад. Бо ин 10%-и пурсидашудаҳо розӣ нестанду бар инанд, ки Путин аз уҳдаи иҷрои масъулияташ набаромада истодааст. Дар баҳодиҳӣ ба кори раисҷумҳур 8% дучори мушкил шудаанд.
Назарпурсӣ миёни 1,5 ҳазор нафари аз 18-сола боло дар 54 минтақаи Русия гузаронда шуда, хатои омории эҳтимолӣ камтар аз 2,5% арзёбӣ мешавад.
Қаблан як пажуҳиши Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма низ нишон дод, ки ҷонибдорӣ аз кори Путин афзоиш ёфтааст.
Украинские военные обстреляли Донецк
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Афзоиши вуруди фирориён аз Украина ва Донбасс ба Русия
Дар мавриди амалиёти низомии Русия дар Украина ҳудуди 42%-и пурсидашудаҳо бар инанд, ки ҳадафи амалиёти низомии роҳандозишуда "ҳимояти Русия, халъи силоҳ кардани Украина ва роҳ надодан ба ҷойгиршавии пойгоҳҳои НАТО дар қаламраваш мебошад".
Ҳудуди 21% гуфтаанд, ки ҳадаф тағйир додани самти сиёсат дар Украина, нозизудоӣ мебошад. Теъдоди онҳое, ки ҳадафро ҳимояи Донбасс хондаанд, 18% ва онҳое, ки муътақиданд, Русия мехоҳад, Украинаро ғасб намоянду ба қаламраваш пайвандад, 4% гуфта шудааст.
Дар оғози апрел устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.