ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Субраманям Ҷайшанкар, вазири хориҷаи Ҳинд бо интиқод аз адами таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба буҳрони Афғонистон аз Аврупо хостааст, то фаротар аз Украина ба Афғонистон нигоҳ кунад, ҷойе, ки ҷаҳон ба ҷомеаи мадании ин кишвар хиёнат кард, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Ҳинд ахиран дар ҳафтумин нишасти гуфтугӯҳои стротежики Русия дар Деҳлӣ гуфт, буҳрони Укроин як мавзуест, ки ҳамаро нигарон кардааст. Аммо Осиё бо як қатор мушкилоти дигар рӯ ба рӯ аст, ки аксари вақт ба волоияти қонун таъсир мерасонанд.
"Лутфан ба ман бигӯед, кадом бахш аз назми мубтанӣ бар қавонин он чиро, ки ҷаҳон дар он (Афғонистон) анҷом додааст, тавҷеҳ мекунад", - гуфт ӯ бо ишора ба Афғонистон.
Вазири умури хориҷми Ҳинд хотирнишон кардааст, ки дар камтар аз як сол кулли ҷомеаи мадании Афғонистон тавассути ҷаҳон нобуд карда шуд.
"Барои кишварҳои мухталиф авлавиятҳо гуногунанд ва дар дигар манотиқи ҷаҳон низ мушкилоти яксон вуҷуд доранд", - афзуд ӯ.
Ӯ ба мақомоти баландпояи аврупоӣ, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, гуфт, кишварҳои ғарбӣ Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо карданд.