ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати кишвар.
Гуфта мешавад, ҳамакнун вазири собиқ муовини дабири Шӯрои амнияти назди президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният шудааст.
Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаро таъйин кардааст.
Ҳамин тариқ Владимир Норов муовини аввали вазир ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ таъйин шудааст.
Бобур Усмонов, ки ба ҷояш Абдулазиз Комилов таъйин шуд, ҳоло муовини директори Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақаии ин ҷумҳурӣ шудааст.
Қобили зикр аст, як моҳ қабл дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ гуфта буд, ки Абдулазиз Комилов дар бемористони марказии клиникии рақами 1-и шаҳри Тошканд бистарӣ шудааст.
Вай аз сабаби бемории музмин муолиҷаи муқаррарӣ мегирифт.
Дар рафти муолиҷа роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистонро дар вохӯриву чорабиниҳои гуногун муовини Сарвазир – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов муаррифӣ менамуд.