ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Муҳаммад Ёқуб, сарпарасти Вазорати дифои толибон гуфт, ки то кунун 110 ҳазор сарбоз дар ба сафи артиши миллии ин кишвар ҷалб шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Бохтар”.
"Дар ҳоли ҳозир 110 ҳазор сарбоз ба сафи артиши миллии нав ҷалб шудаааст", - афзуд вай.
Ҳамчунин сарпарасти Вазорати дифои толибон қайд кард, ки ҳоло барои таъсиси урдӯгоҳҳои муқаррарӣ барои артиш талошҳо идома доранд.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд. Рӯзи 15 августи соли гузашта нерӯҳои толибон вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорати худ қарор доданд.
Чанде пас хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз мақоми худ канор рафта, ин кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 августи соли 2021 толибон эълон карданд, ки ҷанги 20-сола дар Афғонистон ба поён расид.
Мақомоти толибон худи ҳамон рӯз дар бораи ҳукумати мувақатӣ эълон карданд ва гуфтанд, ки шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон базудӣ эълон хоҳад шуд.