ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз шаҳракҳои Бородянка ва Буча дар вилояти Киев дидан кард.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба гузориши "Франс пресс" хабар медиҳад.
Гутерриш рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ бо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина ва Владимир Зеленский вориди Киев шуд.
Мулоқот шоми панҷшанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дабири кулл ният дорад, ки ба шаҳри Ирпен, дар наздикии пойтахти Украина сафар кунад.
Қаблан Гутерриш дар Маскав бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва кишвардори Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ дошт.
Яке аз мавзуъҳои асосӣ вазъи башарӣ дар Украина ва ҳамчунин чораҳои ҳалли сеҷонибаи ин масъала – бо ширкати Русия, Украина ва СММ буд.
Дафтари Гутерриш пас аз гуфтугӯи ӯ бо Путин гуфт, СММ бо Маскав ва Киев механизми интиқоли ғайринизомиён дар Украинаро баррасӣ мекунад ва ин созмон барои анҷоми амалиёти башардӯстона ба Украина кормандони изофӣ мефиристад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.