ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Билавал Бҳутто Зардорӣ, "сиёсатмадори ҷавон ва писари бузург"-и Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон ба унвони раҳбари ҳизби муттаҳид бо ҳукумати нав вазири умури хориҷии Покистон шуд.
Бино ба гузориши расонаҳои Покистони, раиси Ҳизби мардумии Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ аллакай бо ҳузури нахуствазир Шаҳбоз Шариф дар назди раисҷумҳур Ариф Алавӣ савганд ёд кардааст.
Ҳизби халқии Покистон, дувумин ҳизби бузургтарин дар эътилоф нақши худро дар барқарорсозии демократия, татбиқи ислоҳоти интихоботӣ, мубориза барои иқтисоди одилона ва пешбурди манфиатҳои Покистон дар ҷаҳон бозӣ хоҳад кард.
Зардорӣ дар бораи таъйинаш ба ин мансад бо нашри аксҳо аз маросими савгандёдкунӣ дар саҳифаи "Twitter"-и худ хабар дод.
Ба гузориши шабакаи телевизионии "Geo"-и Покистон, вазири умури хориҷӣ пас аз ба қудрат расиданаш бо кормандони ин ин ниҳод ҷаласа баргузор карда, бо вазъи кунунӣ ошно шудааст.
Зардорӣ 33 сол дорад ва ҷавонтарин вазири умури хориҷии Покистон дар таърихи ин кишвар шуд. Ӯ ҳамагӣ дар 19-солагӣ раиси Ҳизби мардумии Покистон интихоб гардид ва фаъолияти сиёсияш оғоз шуд.
Ӯ писари Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон ва раҳбари Ҳизби мардумии Покистон аст, ки дар соли 2007 дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд.
Рӯзи 11 апрел Шаҳбоз Шариф, раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон 23-юмин нахуствазири Покистон интихоб шуд. Номзадии Шариф аз 342 раъйи парлумон 174 овози онро соҳиб шуд.
Имрон Хон, пешгузаштаи ӯ, намояндаи ҳизби муътадили ҷунбиши адолат рӯзи 10 апрел бо раъйи нобоварӣ барканор шуд.