Лукашенко: Тоҷикистон бинобар зарурати иқтисодӣ ба Иттиҳоди Беларусу Русия мепайвандад

Ба гуфтаи раисҷумҳури Беларус, ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ба чунин иттиҳод ворид хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар оянда дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ хоҳиш доранд, ки ба Иттиҳоди Беларусу Русия дохил шаванд.
Дар ин бора раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо губернатори вилояти Воронеж Александр Гусев изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории "БелТА".
Лукашенко мутмаин аст, ки ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ба кишварҳои иттиҳод ворид мешаванд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Беларус, минтақаҳои Русия ба рушди ҳамкориҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

"Ба шарофати шумо мо чунин ҳамкорӣ дорем ва кӯшиш мекунем, дар асоси принсипҳои нав як иттиҳодияи ягонаи иттифоқӣ бунёд кунем, то касе нараҷанд, давлатҳои соҳибихтиёру соҳибистиқлол – Беларус ва Русия рушд кунанд", - афзуд ӯ.

Ӯ изҳори итминон кард, ки дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ ба чунин иттифоқ ворид хоҳанд шуд.
"Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фикр мекунам, ба далели зарурати иқтисодӣ ба ин созмон мепайванданд", - афзуд Лукашенко.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Арманистон "ҷои рафтан надорад".
Қаблан ӯ изҳор дошта буд, ки Қазоқистон пас аз ошӯбҳои авоили моҳи январ дар ин кишвар ба далели амниятӣ ба ин иттиҳод ворид мешавад.
Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад? МТС гуфт, хулосаҳояшро ба ҳукумат пешниҳод кардааст
Ёдовар мешавем, ин иттифоқ як сохтори фаромиллии Русия ва Беларус мебошад, ки фазои ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, гумрукӣ, пулӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, бозорӣ ва фарҳангиро ташкил медиҳад.
Пешрафт дар ҳамгироии ин иттиҳод дар соли 2021 оғоз ёфт. То 1 декабри соли 2023 мақомоти ин кишвар тасмим доранд, созишнома дар бораи бозори ягонаи газро имзо кунанд.
Пештар роҳбари Беларус қайд карда буд, ки стратегияи комилан нави иқтисодии рушди кишварҳои иттиҳод бо Русия барои дарозмуддат бояд таҳия шавад.