ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ"-ро қабул кард.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки тарҳи қонуни мазкур бар асоси фармони президенти кишвар таҳия шудааст.
"Тибқи муқаррароти қонун, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ қатъ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон кард.
Ҳадафи ин иқдом дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои кор ва кам намудани санҷишҳо арзёбӣ шудааст.
Мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар назар аст, то 1 январи соли 2023 идома ёбад.
Таъкид шудааст, ки қонуни қабулкардаи парлумон асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.
Роҳбарияти Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф кард, ки мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин ва аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.
Назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкур ба уҳдаи Додситонии кулли Тоҷикистон вогузор шудааст.