Табодули паём миёни президентҳои Тоҷикистону Корея: ҷонибҳо хостори таҳкими ҳамкорӣ шуданд

Роҳбарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея зимни табодули паёмҳои шодбошӣ аз вазъи феълии ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар гуфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Мун Чжэ Ин, президенти Корея ҳамдигар ва мардуми ду кишварро бо 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ шодбош гуфтаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки ҳамкориҳо арсаҳои мухталифро фаро гирифта, айни ҳол дар марҳилаи рушд қарор доранд.
"Ҷониби Тоҷикистон хоҳони вусъати тоза бахшидан ба ин раванд буда, омодааст, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду ҷониб дар ҳама соҳаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии ду давлат минбаъд ҳам кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад", - омадааст дар паём.
Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад
Раҳмон изҳори бовар намудааст, ки идомаи муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф ва татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда натиҷаҳои самарабахш хоҳанд дошт.
Мун Чжэ Ин низ дар паёмаш ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки баъди барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар санаи 27 апрели соли 1992 робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи инсонӣ ва дигар соҳаҳо мунтазам рушд ёфта истодаанд.

"Барои ман махсусан хурсандиовар аст, ки ба туфайли ифтитоҳи сафорати Корея дар Тоҷикистон дар соли гузашта барои тақвияти муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар заминаи мусоид муҳайё гардидааст", - зикр кардаст Мун Чже Ин.

Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар бахшҳои мухталиф тавсеа ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни мардумон дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ боз ҳам амиқтар мешаванд.