ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Анталияи Туркия ва Покистон қарор доранд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи ҳунармандон моҳи ҷорӣ бо даъвати Созмони сайёҳии Ҷумҳурии Туркия барои мустаҳкам кардани равобити ин ду кишвар ва ҳамзамон муаррифӣ намудани ҳунари сирки тоҷик сафар намуданд ва интизор меравад, дар якчанд шаҳрҳои Туркия ҳунарнамоӣ кунанд.
Ба ҳайати ҳунармандон Сарвар Сафарзода, Мадина Назарова, Ҷомӣ Бозорзода ва Манучеҳр Шарифзода вориданд.Сафари сиркбозони тоҷик то 30 октябр идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин як гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатӣ рӯзи 25 апрел ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуд.
Ҳайати ҳунармандон бо роҳбарии гурӯҳи дорбозон Обидҷон Иргашев ва ҳунармандон Фаррух Алиев, Нишона Нуралиева ва Ҳилола Раҷабова дар шаҳрҳои Покистон барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.
Манбаъ меафзояд, сафари ин гурӯҳи ҳунармандон ба Покистон то 20 октябр идома меёбад.