Вазорати дифои Русия видеои пойгоҳи нигоҳдорию таъмири техникаи низомии аз он ёфтшударо нашр кард.
Ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ ва таъмири техникаи Украинаро зери назорат гирифтанд.
"Аз қаламрави пойгоҳи таъмирӣ теъдоди зиёди маҷмуаҳои мудофиаи ҳавоии навъу таъйиноти гуногун, лавозимоти ҷангӣ ва қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои радиолокатсионӣ ёфт шудаанд", - таъкид намуд Вазорати дифоъ.
Бар асоси видео, дар пойгоҳи ишғолнамудаи нерӯҳои Русия маҷмуаҳои худгарди "Шилка", тӯпхонаи "Тунгуска", маҷмуаҳои "Тор-М1" ва мушакҳои зенитии "Тору" ва ғайраро мушоҳида кардан мумкин аст.
Хадамоти нақлиётии қувваҳои мусаллаҳи Русия хабар дод, ки дар маҷмуъ аз пойгоҳи нигоҳдорӣ ҳудуди 100 техникаи низомӣ ёфт шудаст.
"Дар ин пойгоҳ таъмири техникаи ҳарбие амалӣ мешуд, ки баъдан барои иҷрои вазифаҳои гузоштаи Ҳукумати Украина равона мегардид. Техника мусодира шуда, дар ихтиёри мо қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.