ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон нафақа ва кумакпулӣ ба маблағи 565,4 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки муодили 45,2 миллион доллар аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Зимнан ҳаҷми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар кишвар дар соли ҷорӣ аз ҳисоби даромадҳо ба маблағи беш аз 3 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё 283 миллион доллар муайян шудааст.
Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.
Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад.
Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст.
Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил шудааст.
Қисми зиёди маблағҳо ба объектҳои саноатӣ ва сохтмони объектҳои энергетики дода шудаанд.