ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рустам Набиев, писари аввалин раисҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон дар синни 53-солагӣ ба таври ногаҳонӣ даргузашт.
Дар таъйиди ин хабар пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Набиев баъд аз зуҳри имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Сабаби марги вай бемории тӯлонӣ гуфта мешавад.
“Маросими дафни марҳум соати 11-и фардо дар қабристони “Гунбази Қошуқ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар зодгоҳи падариаш баргузор мешавад”, – гуфт яке аз наздикони марҳум.
Падари ӯ, Раҳмон Набиев аз соли 1991 то 1992 раисҷумҳури Тоҷикистон буд.
Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ӯ бо интиқоди ҷомеа рӯ ба рӯ шуда буд.
Баъдан, 7 сентябри соли 1992 ҳангоми кӯшиши парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ба Хуҷанд раисҷумҳури нахустини Тоҷикистонро теъдоди кӯчаке аз мухолифин дар фурудгоҳ маҷбур ба истеъфо карданд. Бори дувум ӯ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ истеъфо дод.
Набиев 11 апрели соли 1993 дар манзилаш дар Хуҷанд даргузашт. Сабабҳои марги ӯ то ҳол дақиқ маълум нестанд. Тибқи маълумоти расмӣ, ӯ аз сактаи қалб даргузашт.