Путин нокомии бузурги ИМА -ро ошкор кард

Кишвардори Русия дар бораи ҳадафе, ки Ғарб дар назди худ гузоштааст, гуфт ва қайд намуд, ки сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд ИМА ва ИА ноком мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ғарб наметавонад ҷомеаи Русияро, ки камолот ва ҳамбастагӣ нишон медиҳад, аз ҳам ҷудо кунад. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни як ҷаласаи Додситонии кулл изҳор дошт.
Сарвари давлат дар бораи ҳадафе, ки Ғарб дар назди худ гузоштааст, гуфт: сарфи назар аз кӯшишҳои сершумори расидан ба он ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ноком мешаванд.
Вай таъкид кард, дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ имконнопазирии пирӯзии Украинаро "дар майдони набард" дарк мекунанд, як вазифаи дигар - аз дарун нобуд кардани Русия ба майдон меояд.
"Аммо дар ин ҷо ҳам як мушкилӣ ҳаст! Ин кор амалӣ намешавад! Ҷомеаи мо камолот, ҳамбастагӣ нишон медиҳад, нерӯҳои мусаллаҳи моро дастгирӣ мекунад, талошҳои моро барои таъмини амнияти худи Русия ва дастгирии шаҳрвандони муқими Донбасс дастгирӣ мекунад", - афзуд ӯ.
Путин аз фармоишгарони қасди ҷони журналист гуфт: дар майдони хабарӣ ҳам шикаст хӯрдаанд
Ба гуфтаи роҳбари Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дар фазои иттилоотӣ шикаст хӯрда, ба террор ва омодасозии куштори кормандони ВАО аз Федератсияи Русия гузаштанд.
Ҳамин тавр қаблан ФСБ аз суиқасд ба ҷони як хабарнигори маъруфи телевизиони Русия ҷилавгирӣ кард.
"Албатта, онҳо ҳоло инро рад мекунанд, аммо далелҳо раднопазиранд", - гуфт раҳбари Русия.
Путин гуфт, ки дар Федератсияи Русия онҳо намояндагони хадамоти иктишофии ғарбиро бо ном мешиносанд, ки мақомоти амниятии Украинаро назорат мекунанд.
Ҷилавгирӣ аз куштори Соловёв дар Маскав
Қаблан раисҷумҳури Русия гуфта буд, миллатгароён ва зархаридони хориҷӣ, ки ба манофеи Киев амал мекунанд, борҳо қавонини байналмилалиро нақз кардаанд. Путин афзуд, далелҳои зиёди чунин амалҳо дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шуданд.
Вай аз кормандони Кумитаи тафтишот ва додситонӣ даъват кардааст, ки тамоми ҷиноятҳои миллатгароёни украиниро сабт кунанд, заминаи далелҳо омода кунанд ва чунин парвандаҳоро ба додгоҳ кашонанд