ДУШАНБЕ, 25 апр– Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонӣ Ҳ.Ф. ва муовини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Г. З-ро боздошт кардааст.
Ин ду мақомдор дар қаллобӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатияшон муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуотии оҷонсӣ.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур аз корафтодае 13 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Гуфта мешавад, онҳо маблағро барои омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин талаб намудаанд.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ С. Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Г. З. ва С. Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.