Нотаи Русия ба Амрико: Интиқоли силоҳ ба Киевро бас кунед

Сафири Русия дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико гуфт, Вашингтон қасд дорад, ба Киев ба маблағи 800 миллион доллар аслиҳа интиқол диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Русия ба Иёлоти Муттаҳида нота фиристода талаб кард, ки интиқоли силоҳ ба Украинаро қатъ кунад.
Дар ин бора сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.

"Ҳаштсад миллион доллар маблағест, ки муоидили он Вашингтон ба Киев силоҳ медиҳад. Ин рақами бузург аст, он барои ҷустуҷӯи роҳи дипломатии вазъ мусоидат намекунад", - тавзеҳ дод дипломати рус.

Дар идома ӯ зикр намуд, ки Русия бинобар ихтисос додани кумаки навбатии молӣ ба Вашингтон нота ирсол кард ва талаб намуд, ки ба ин амали худ хотима диҳанд.
Қаблан сафири Русия дар Амрико гуфта буд, ба кори сафорати Русия дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеъагузорӣ мешавад.
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
"Дарвоқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд. Як вақтҳо ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфта буд ӯ.
Илова бар ин Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина Ғарб фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.