ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мишел Герачи, муовини вазири пешини рушди иқтисодии Итолиё гуфт, вазъ дар Украина метавонад боиси заифшавии кишварҳои Аврупо шавад, зеро ба иқтисодиёт хисороти ҷиддӣ мерасад.
“Мо таҳримҳо дар бахши энержиро бо назардошти он ҷорӣ мекунем, ки ба иқтисоди Русия зиён расонида шавад. Аммо таҳримҳо ба иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо зиёни бештар мерасонанд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабаргузории "Синхуа".
Ба гуфтаи Герачи, Итолиё, Олмон ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар вазъияти душвор қарор хоҳанд гирифт.
"Мо ҳама корро нодуруст мекунем. Мо маҳдудиятҳои содиротро ҷорӣ мекунем, ки танҳо ба мо зиён мерасонад", - афзуд ӯ.
Муовини собиқи вазир муътақид аст, ки таҳримҳо самаранок нестанд.
"Барои ҳалли ин мушкилот мо бояд бо Русия бо роҳи дипломатия кор кунем. Мо бояд на танҳо тарафи Киевро шунавем, балки ба назари Маскав ҳам бояд гӯш бидиҳем”, - таъкид кард вай.
Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд.
Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ эълон карданд, ки бозори Русия тарк мекунанд ва корхонаҳои истеҳсолии худро мебанданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, зери фишори шадид қарор доранд, аммо Русия ҳама мушкилоти иқтисодиеро, ки Ғарб барои эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.