Лукашенко аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд

Раисҷумҳури Беларус аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки сулҳро бо тамоми масъулит ҳифз кунанд ва дар фазои дӯстӣ зиндагӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз кишварҳои ҳамсояаш даъват кард, ки “дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд”, иттилоъ додааст Sputnik Беларус.
"Биёед, сулҳро ҳифз намоем. Ин муҳим аст. Ман мехоҳам пеш аз ҳама ба ҳамсоягони худ муроҷиат кунам: биёед, якҷоя дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунем", - гуфт ӯ.
Лукашенко ахиран дар яке аз калисоҳои шаҳри Копис дар маросими Пасха иштирок кард.
Раисҷумҳури Беларус қайд кард, ки дар ин рӯз мардум аз Худо чизи асосӣ – сулҳу оромӣ, дӯстӣ, рафоқатро талаб мекунанд, ки ҳамеша хоҳиши хоси мардуми Беларус буд.
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
Ёдрас мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои Ғарб алайҳи Русия ва Беларус таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Мақомоти ду кишвар эълон карданд, ки ба таҳримҳои Ғарб пешакӣ омодагӣ гирифта буданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.